САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

 13.08.2019 тахминан соати 22.45-дақиқа ронандаи а/м  тамғаи “Опел-Астра”, р/д 96-80 ВК/03 шаҳрванд Алимов Маҳмадориф Баҳодурович 1996 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Ёвон, ҷ/д Норин, деҳ. Урта-Қайнар, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи Ёвон-Рӯдакӣ, воқеъ дар ҳудуди деҳ. Ҳасанобод ҷ/д Зайнабобод аз уҳдаи идораи а/м набаромада, ба чуқурии канори роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда шаҳрванд Алимов М.Б ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони а/м шаҳрванд Субҳонқулов Воҳид Исмоилович 1996 с/т, истиқоматкунандаи н.Ёвон, ҷ/д Норин, деҳ. Урта-Қайнар ва ноболиғ, Абдураҳимов Эмомалӣ 2004 с/т, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳияви бистарӣ гардидаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон