Писари Зафар Аюбӣ бо духтари Малика Саидова издивоҷ мекунад ???

Писари Зафар Аюбӣ бо духтари Малика Саидова издивоҷ мекунад ???

 Ҷовидон Аюбов, писари 27-солаи овозхон Зафар Аюбӣ, маъруф ба Зафарча, баъди 5 рӯзи боздошт озод шуд. Ҷовидон Аюбовро дар аввали моҳи август дар пайи дар телефонҳои мардум паҳн гаштани навори алоқаи ҷинсиаш бо духтари овозхони машҳур М.Саидова бо иттиҳоми ғайриқонунӣ паҳн кардани маводи порнографӣ дастгир карданд, вале дар ниҳоят аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ худдорӣ кардаанд.
Ҷовидон Аюбов гуфтааст, ки алоқаи ҷинсии онҳо бо розигии он ҷавонзан сурат гирифта, низ бо розигии ӯ сабт шуда буд.
Баъд аз боздошт озод шуданаш Ҷовидон Аюбов дар саҳифаи инстаграми як дӯсташ навореро, паҳн намуда аз тамоми бинандагоне, ки навори ҳамхоба шуданаи ӯро тамошо карда буданд, бахшиш пурсида гуфтааст, ки мехоҳад бо духтари Малика Саидова издивоҷ карда, оилаи солим бунёд намоянд.
Тибқи як манбаи дигар шахсан худи Зафар Аюбӣ ҳам дар хусуси навори паҳншуда бо М.Саидова телефони суҳбат намуда, ба хулосае омадаанд, ки фарзандҳояшонро бо ҳамдигар издивоҷ намуда, оилаи нав бунёд намоянд.
Шояд ин шахсони маъруф, ки фарзандҳояшон даст ба чунин амали номатлуб задаанд, мехоҳанд бо ин роҳ, яъне издивоҷ намудани фарзандҳояшон обурӯи худ ва ҷигарбандонашонро каме ҳам бошад дар ҷомеа боло баранд.
Фикри худро шарҳ диҳед !!!

назари худро нависед
Шармандаҳо ҳамдигара гиран нагиран ки шарманда шидан окибати ҳофизи анаҳамин ҳаст ҳамаи сарояндагон анаҳаминхелан
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон