Айшвария Рай — гули лола, Шоҳрух Хон — танӯраи моҳтобӣ

Айшвария Рай — гули лола, Шоҳрух Хон — танӯраи моҳтобӣ

 Ҳамагон ба ситораҳои синамо ва санъаткорон пайравӣ, ҳаводорӣ ва тақлид мекунанд. Баъзеҳо ҳатто номи ашёҳоро низ ба ифтихори ҳунармандони дӯстдоштаи болливудиашон номгузорӣ мекунанд. Ба ин далелҳо нигаред:

*Кишвари Голландия як навъи гули лоларо ба шарафи зани зеботарини дунё ва ҳунарпешаи шинохта Айшвария Рай ном ниҳод.

*Ба номи Шоҳрух Хон бошад, як ташкилоти шаҳри Ню-Йорк танӯраи моҳтобиро номгузорӣ намуд.

*Мухлисони Мадхурӣ Диктиш ситораеро аз бурҷи Орион ба номи ӯ бахшиданд.

*Шахид Капур ҳам аз бурҷи Орион ситораи худро дорад. Шояд ситораҳои ин ду ҳунарманди машҳур дар бари ҳам қарор доранд.

*Театри Притхвӣ, яке аз театрҳои қадимтарини Мумбай ба номи яке аз ҳунармандони достонӣ ва маъруфи Болливуд Притхвираҷа Капур номгузорӣ шудааст.

*Сонам Капур ҳунарманди боистеъдод ва зани зебое мебошад. Аз ин ҷост, ки фабрикаи қаннодии Мумбай як навъи кулчақанди манго ва қорти сиёҳдорро (черника) ба номи ӯ бахшидааст, ки он талабгорони бисёр пайдо кардааст.

*Соли 2004 дар Сингапур як навъи гули орхидеяро ба ифтихори Амитабх Баччан “Дендробиум Амитабх Баччан” номиданд. Илова бар ин боз номи шаршараеро, ки қаблан Нага ном дошт, ба шарафи ин санъаткори маҳбуб ном гузоштанд. Ин шаршара дар роҳе, ки Чунгтангро бо водии Юмтханг дар Сиккимаи Шимолӣ мепайвандад, ҷойгир аст.

*Дар яке аз тарабхонаҳои Мумбай хӯрокеро пешкаши мизоҷон мегардонанд, ки “Чӯҷаи Санҷу Баба” ном дорад. Он ба шарафи Санҷай Датта чунин номгузорӣ шудааст. Мувофиқи маълумоти бадастомада, ин хӯрок пас аз он ки ҳунарпеша ҳамчун меҳмон ва мизоҷон ба ин даргоҳ омада, дар бораи тарзи омода намудани чӯҷа ба роҳбарияти тарабхона нақл кард, падид омад.

*Ба номи ҳунарпеша ва коргардони достонии ҳиндӣ Раҷ Капур як маҳалла дар Канада гузоштааст.

*Сароянда ва бастакори шинохта А.Р. Раҳмон ҳам дар Маркхэме кӯчаи худро дорад. Он низ дар Канада қарор дорад.

*Роҳи як километрае, ки ба храми Ширдӣ мебарад, соли 2005 ба номи Маноҷ Кумар гузошта шудааст.

*Яке аз маконҳои маъруф ва зеботарини Шветсария “Кӯли Чопра” ном дорад. Он ба хотири гиромидошти ҳунарпеша ва коргардони маъруфи Болливуд Яша Чопра номгузорӣ шудааст.

*Соли 1990 барои поси шахсияти мафтункори Болливуд Зинат Аман атриётро ба номи ӯ гузоштанд.

*Қаҳвахонаи Del-Mar воқеъ дар шаҳри Мардини Туркия cоли 2012 ба “Salman Khan Café”  иваз гардонида шуд. Ҳангоми наворбардории филми худ “Буд набуд як Паланг буд” (Жил-был Тигр) Салмон Хон ҳамроҳи гурӯҳи филмбардорияш зуд-зуд ба ин қаҳвахона меомад, чун он ба макони наворбардории онҳо наздик буд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон