«Ту беҳамтоӣ»: аз муҳаббати мухлис то вокуниши ҳунарманд

«Ту беҳамтоӣ»: аз муҳаббати мухлис то вокуниши ҳунарманд

 Зане фаҳмид, ки ҳунарпешаи номдори амрикоӣ Киану Ривз аз назди хонаи ӯ мегузарад ва аз ин рӯ дар алафзори назди хонааш лавҳаи «Ту беҳамтоӣ»-ро насб намуд. Ҳунарпеша аз мошини худ фаромада, дар он соядаст гузошт ва бо мухлисони худ сурат гирифт.

Тавре ширкати телевизионии CNN хабар медиҳад, ҳунарманди маъруфи амрикоӣ Киану Ривз бори дигар мухлисони худро бо амали ногаҳонии худ ба ҳайрат овард. Ҳангоме ки Ривз ҳамроҳи филмгузор Эд Соломон ба саҳнаи наворбардории филми «Билл ва Тед 3» мерафт, онҳо мушоҳида карданд, ки дар назди хонаи яке аз сокини он маҳалла навиштаҷоти «Ту беҳамтоӣ» гузошта шудааст.

Гап дар он аст, ки ин навиштаҷоти ба Ривз вобастабуда, дар интернет аллакай мем шудааст. Бо дидани он, ҳунарпеша аз мошин пойин шуду дар назди ин навиштаҷоти мухлиси худ сурат гирифт ва дар он соядаст гузошт. Ҳамчунин дар он навишт: «Стейсӣ, ту беҳамто ҳастӣ!».

«Вау! Орзуҳоямон амалӣ шуд. Мо медонистем, ки Киану Ривз аз ҳамин кӯча мегузарад. Аз ин рӯ писари ман гуфт, ки мехоҳад лавҳаеро бо навиштаҷоти «Ту беҳамтоӣ» гузоранд. Ва мо чунин ҳам кардем. Дар натиҷа мошине дар наздикии он лавҳа меистад ва аз он вай мефарояд! Дар ҳақиқат, ӯст! Худоё», — навиштааст дар твиттер ин мухлису ҳаводори Киану.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон