«Аладдин» дорои қисми дуюм мегардад

«Аладдин» дорои қисми дуюм мегардад

 Студияи Disney тасмим дорад, қисми дувуми филми сердидатарини «Аладдин»-ро ба навор бигирад.

Филмсози (продюсер) филми студияи Disney «Аладдин» Дэн Лин мегӯяд, ки ширкат наворбардории қисми дигари филмро баррасӣ дорад.

«Албатта, вақте ки наворбардориро ба итмом расонидем, мо танҳо сари он меандешидем, ки чӣ гуна як филми беназирро пешкаш кунем. Пасон худи тамошобинон қарор мекарданд, ки оё онҳо аз ин бештарро тамошо кардан мехоҳанд ё на. Бисёриҳо ин филмро якчанд маротиба тамошо карданд, мо мактубҳои теъдоди зиёдро дарёфт намудем, ки мухлисон ба мо мегуфтанд, дубора ба театр бармегарданд ва дӯстону пайвандони худро бо ҳам меоранд. Аз ин рӯ, мо гумон мекунем, ки чизи дигаре барои гуфтан дорем», —  мегӯяд Лин.

Хотиррасон мегардем, ки филми «Аладдин», ки аз ҷониби ширкати Disney рӯи навор омадааст, моҳи майи имсол ба намоиш гузошта шуд. Коргардони филм Гай Ричӣ ва офарандаи нақши Ҷинн Уилл Смит мебошад. Ин тасвир бо ба даст овардани 1 миллиард доллар дувумин филми сердаромадтарин дар таърихи студияи Disney гаштааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон