Пахш шуд: Таронае, ки ба филми «Гаррӣ Поттер» дохил нашуда буд (Видео)

Пахш шуд: Таронае, ки ба филми «Гаррӣ Поттер» дохил нашуда буд (Видео)

 Овозхони номвари амрикоӣ ва барандаи ҷоизаи «Оскар» Брюс Спрингстин оҳанги «I’ll Stand By You»-ро нашр кард, ки барои эҷоди он аз филми «Гаррӣ Поттер» илҳом гирифта буд.

Тавре нашрияи Pitchfork хабар медиҳад, оҳанг дар ягон филми “Гаррӣ Поттер” гузошта нашудааст, гарчанде ки мусиқинавоз ба ин умеде дошт.

— Тарона хеле хуб аст. Замоне хостам, ки онро ба филми кӯдакона пайваст кунам, — мегӯяд Брюс дар яке аз мусоҳибаҳои соли 2016.

Дар ниҳоят оҳанг ба филми “Blinded by the Light” дохил шуд. Филми Гуриндер Чадхӣ «Ба мисли Бекхэм бозӣ кун» (Bend It Like Beckham) дар бораи наврасе аз оилаи муҳоҷирони покистонӣ ҳикоят мекунад, ки ба Бритониё роҳ меёбад ва бо ёрии мусиқии Спрингстин мавқеи худро дар ҳаёт дарёфт менамояд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон