Ҳунарпешаи синамо кӯдакеро аз марг наҷот дод

Ҳунарпешаи синамо кӯдакеро аз марг наҷот дод

 Ҳунарпешаи машҳури амрикоӣ Дэннӣ Трехо ―  на танҳо дар соҳаи синамо, балки дар ҳаёти воқеӣ низ беҳамтост. Рӯзҳои охир дар бораи ӯ дар интернет суханҳои зиёд паҳн гардидааст, зеро вай рафтори қаҳрамонона нишон дод. Ӯ кӯдакеро, ки дар дохили автомобили чаппашуда қарор дошт, берун овард.

Чоршанбеи ҳамин ҳафта, дар атрофи шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико дар пеши чашми ситораи филми «Мачете» садамае рух дод. Ду автомобил ба ҳамдигар бархӯрданд ва яке аз онҳо чаппа шуд. Дар он мошин дар нишинаи кӯдакона тифлаке нишаста буд, ки имконияти аз он мошин берун шуданро надошт. Дэннӣ Трехо ба мошин наздик шуда, кӯшиши кушодани тасмаи бехатариро кард, вале аз дасташ наомад. Ба ёрии ӯ шоҳиди дигари воқеа, зане омад ва аз ҷониби дари дигари мошин ба дохил ворид гашта, кӯдакро озод кард.

Ҳунарпешаи синамо кӯдакеро аз марг наҷот дод

 

Писараки хурд воқеан сахт тарсида буд. То он даме, ки бибии ӯро духтурон муоина мекарданд, ҳунарпешаи 75-сола ба кӯдаки хурдсол қобилиятҳои махсуси худро нишон додан хост.

 

Ман кӯшиш кардам диққати ӯро ба дигар тараф ҷалб намоям, ― мегӯяд Трехо.

Дар садамаи мазкур се нафар ҷароҳати на чандон вазбин бардоштанд. Онҳоро дар беморхонаҳо бистарӣ карданд. Сабаби фалокати мазкур ҳоло таҳқиқ шуда истодааст. Ҳунарманд сабаби онро дар ҳаракати беҷойи яке аз ронандагон мебинад, ки ҳангоми чароғак сурх шудан, суръаташро паст накардааст.

Ба Худо қасам мехӯрам, ки кӯдакро танҳо курсии махсуси кӯдакона наҷот додааст― гуфт ҳунарпеша ва ба ронандагон маслиҳат дод, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд, то ки ҳаёти худ ва наздиконашонро дар хатар нагузоранд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон