Қисмҳои нави «Один дома» ва «Ночь в музее» ба навор гирифта мешавад

Қисмҳои нави «Один дома» ва «Ночь в музее» ба навор гирифта мешавад

 Киностудияи 20th Century Fox якчанд лоиҳаҳои дар хазинаи худ доштаро, ки ҳаводорони зиёд доранд, «зинда» месозад. Тавре нашрияи The Hollywood Reporter хабар додааст, сухан дар бораи филми мазҳакавии «Один дома», филми тахайюлии «Ночь в музее», тасвири «Дневник слабака» ва «Оптом дешевле» меравад.

Қисмҳои нави филмҳои номбаршуда дар сомонаҳои интернетии Disney+, ки моҳи ноябри соли равон омода мегардад, ба намоиш гузошта мешавад. Лоиҳаҳои мазкур ҳоло коргардон надоранд ва санаи таҳияи филмҳо низ муайян карда нашудааст.

Хотиррасон мегардем, ки филми мазҳакавии «Один дома» соли 1990 ба тамошобинон пешниҳод шуда буд. Бо сужаи ҷолиби худ филм ба зудӣ ба дили мухлисону ҳаводорони синамо ҷо гирифт ва яке аз рамзҳои идҳои солинавӣ гардид. Дар филм Маколей Калкин, Кэтрин О`Хара, Ҷо Пеши, Дэниел Стерн, Ҷон Херд, Робертс Блоссом ва дигар ҳунарпешаҳо иштирок ва ҳунарнамоӣ кардаанд.

Он бо буҷаи умумии 18 миллион доллар дар намоиши ҷаҳонӣ 476 миллион долларро ба хазинаи худ ворид намуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон