Пешгӯии Роналду рост баромад: «Албатта, он бояд ба ман супорида мешуд»

Пешгӯии Роналду рост баромад: «Албатта, он бояд ба ман супорида мешуд»

 Ҳамлавари бошгоҳи футболи «Ювентус» Криштиану Роналду пас аз дарёфти ҷоизаи «Одами достонофарин» (MARCA Leyenda) андешаашро пиромуни он иброз дошт.

“Гирдоварии мукофотҳо хуб аст, ба шарте ки барои ҷоизаи нав ҷой ёфтан душвор бошад. Аз ҳеҷ яки онҳо даст кашидан дуруст нест. Баъзеи онҳо басо муҳиманд, бархеи дигар аҳамияти кам доранд, аммо ҳар яки он ҷоизаҳо, бигзор он «Тӯби тиллоӣ» бошад ё ҷоиза ба беҳтарин бозигар ва ё беҳтарин нишонзан ё худ ҷоми Пичичӣ арзишманд мебошад. Ҳамеша ба дӯстонам мегӯям: “Ҷом ҷом аст”.

\

“Одами достонофарин” — ҷоизаи муҳиммест, ки онро танҳо ба шахсони барҷаста тақдим мекунанд. Албатта, он бояд ба ман низ супорида мешуд. Пас аз касби дастовардҳои зиёд, алалхусус дар “Реал”, ман ба гирифтани ин ҷом сарфароз гаштам. Сипосгузории худро ба Marca (рӯзномаи варзишии испонӣ) барои ин мукофот ва тақдими он дар Мадрид баён мекунам. Хеле хушҳолам, ки ба Испания ва Мадрид баргаштам”, — аз суханони Роналду иқтибос меорад рӯзномаи Marca.

Ёдовар мешавем, ки мукофоти мазкурро ба Роналду ба нишони эътирофи кору фаъолияти футболии ӯ супорида шуд. Криштиану дар маҷмӯъ 29 ҷом (27-тои он бошгоҳист) ба даст овардааст.

назари худро нависед
Я конечно, прошу прощения, но не могли бы Вы дать немного больше информации.

---
Мне кажется это замечательная идея атлант питание спортивное, vitawin спортивное питание или Tренажеры для дома и спортзала bomutant спортивное питание брутал
Поздравляю, какие слова..., великолепная мысль

---
Вопрос интересен, я тоже приму участие в обсуждении. омега 3 купить в одессе, как принимать энимал пак или gifted nutrition iso whey белок в капсулах
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон