Муштзани рус Максим Дадашев пас аз муҳориба даргузашт

Муштзани рус Максим Дадашев пас аз муҳориба даргузашт

 Муштзани номдори рус Максим Дадашев пас аз сабқат бо Субриэл Матиасӣ дар синни 28-солагӣ дар Амрико ба ҳалокат расид. Ин аввалин мағлубияти ӯ дар муҳорибаи нахусташ дар ринги касбӣ аз соли 2016 буд.

«Максим ҳалок шуд, чун дилаш тоб наовард», — гуфтаанд намояндагони дастаи варзишгар ба хабаргузории ТАСС.

Федератсияи бокс хабар доданд, ки онҳо омодаанд хароҷоти овардани ҷасади Дадашевро ба Русия ва дафни ӯро бар дӯш гиранд ва ҳамчунин ба хонаводааш умрбод пул пардохт кунанд.

«Мо аз ҳодисаи рухдода огоҳ ҳастем. Ин хабари хеле ғамангез аст. Ба хешовандон ва наздикони марҳум изҳори тасаллият мекунем. Мо ҳамаи хароҷотҳоро ба ӯҳдаи худ мегирем ва дар оянда ба хонаводаи вай ёрӣ мерасонем. Ҳаргиз онҳоро танҳо намегузорем. Ӯ дастпарвардаи мо аст», — гуфтааст дабири кулли ташкилот Умар Кремлёв ба РИА Новости.

Дадашев бо Матиас барои ба даст овардани ҳаққи довталабии ҳатмии унвони Федератсияи байналхалқии бокс дар вазни то 63,5 кг мубориза бурд. Муҳориба рӯзи 20 июл дар шаҳри Оксон Ҳилли Амрико баргузор гардид ва бо ғалабаи барвақти муштзани пуэрториканӣ хотима ёфт.

Ба навиштаи сомонаи Sports.ru, сониясанҷҳои варзишгари рус муҳорибаро пас аз пайти (раунд) 11-ум боздоштанд, то ки ӯро аз захмӣ шудан нигоҳ доранд, чун вай бисёр зарба хӯрда буд. Тибқи иттилои нашрияҳои варзишӣ, мураббии Дадашев ӯро барои боздоштани сабқат розӣ кунонд.

“Ман ӯро барои қатъи муҳориба розӣ карда натавонистам. Аммо ман медидам, ки ӯ чанд зарбаро мегузаронд. Як зарба метавонист ҳаёти писарро тағйир диҳад ва ман намехостам, ки ин ҳодиса рух диҳад. Беҳтараш, бигзор ӯ якчанд рӯз бар ман хашмгин бошад, назар ба он ки тамоми ҳаёт”, — овардааст суханони мураббии Баддӣ Макгиртро расонаи Fightnews.com.

Дере нагузашта варзишгар партофт, аз ҳуш рафт ва ӯро аз ринг бо занбар бурданд. Муштзанро дар беморхона дар ҳолати вазнин бистарӣ намуданд, менавистанд нашрияҳои варзишӣ. Майнаи сари ӯ ба варам кардан сар кард ва косахонаи сари ӯро сӯрох намуданд. Дадашевро ба комаи медикаментӣ ворид карданд.

Матиас, аз ҳолати рақибаш хабардор шуда, ба Дадашев таманнои шифоёбӣ намуд. “Ӯ муштзан ва размикори бисёр хуб аст”, — гуфт муштзани пуэрториканӣ.

Рӯзи якшанбе 21-уми июл ба дастаи варзишгар хабар доданд, ки варами мағзи сари муштзан гашт ва хунравӣ боздошта шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамсараш ба Амрико парвоз кардааст.

Максим Дадашев фаъолияти касбии худро соли 2016 оғоз кардааст. Вай 13 пирӯзӣ ба даст овард, ки 11-тои он бо нокаут ба анҷом расидааст. Мағлубияти аввалин ва охирини ӯ аз Матис шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон