Ҳабиб Нурмагомедов муваффақтарин ситораи рус ҳисобида шуд

Ҳабиб Нурмагомедов муваффақтарин ситораи рус ҳисобида шуд

 Маҷаллаи амрикоии Forbes рейтинги муваффақтарин ситораҳои русро, ки ҷавонтар аз 40-сола ҳастанд, нашр намуд, ки он дар асоси ҳаҷми даромад ва маъруфият дар интернет тартиб дода шудааст.

Дар ин раддабандӣ мақоми якумро Ҳабиб Нурмагомедов, размикори машҳури русиягӣ касб намуд, ки дар як соли охир 11,5 млн доллар кор кардааст. Номи ӯ беш аз 75 ҳазор маротиба дар расонаҳо (ВАО) ва 1,5 млн бор дар шабакаҳои иҷтимоӣ зикр шудааст.

Дар мақоми дуюм ровӣ ва овозхони рус Олга Бузова қарор гирифтааст. Даромади ӯ 4,4 млн долларро ташкил додааст ва номи вай 73 ҳазор бор дар расонаҳо ва 4,5 млн маротиба дар шабакаҳои иҷтимоӣ маротиба хотиррасон шудааст. Зинаи сеюми ҷадвалро хоккейбоз Александр Овечкин бо даромади 14,4 млн доллар ва бо фарогирии интернетӣ – 59 ҳазор маротиба ва 560 ҳазор бор хотиррасонӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ намудааст.

Дар даҳгона ҳамчунин Егор Крид, Баста, Дима Билан, Тиматӣ, Ирина Шейк, Артём Дзюба ва Полина Гагарина дохил шуданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон