Вин Дизел дар зодрӯзаш тӯҳфаи аҷоиб гирифт (Видео)

Вин Дизел дар зодрӯзаш тӯҳфаи аҷоиб гирифт (Видео)

 Ҳунарпешаи маъруфи амрикоӣ Вин Дизел ба ҳаводорони худ тӯҳфаеро нишон дод, ки ӯро пеш аз ҳама дар зодрӯзаш шод гардонид. Ҳунарманд онро аз Дэвид Туи, муаллифи тамоми филмҳои Риддик дарёфт намудааст. Сухан дар бораи филмномаи қисми чоруми филм меравад. Тасвири мазкур «Риддик 4: Фурия» номгузорӣ шудааст.

– Ҳар нафар мехоҳад дев бошад, то он даме ки зарурати анҷом додани корҳои мекардаи дев наздик наомада бошад, – гуфта шудааст дар эпиграфи саҳифаи аввали филмномае ки ба Дизел тӯҳфа шудааст. Ӯ ин навиштаҷотро пешниҳоди мухлисону ҳаводоронаш намуд.

Ёдовар мешавем, ки филми аввали Риддик бо номи «Чёрная дыра» соли 2000 рӯйи пардаи синамо омад. Нақши асосиро дар ҳамаи қисмҳои он Вин Дизел бозидааст.

Видеоро аз инҷо бибинед.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон