ЧОР САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР ДАР ДУ РӮЗ

ЧОР САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР ДАР ДУ РӮЗ

 12.08.2019 тахминан соатҳои 20-05 дақиқа ронандаи а/м  тамғаи “Хундай-Саната”, р\д 06-63 ВХ 01, шаҳрванд Раҷабов Фахриддин Ҷонмаҳмадович 1967 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/ш Балх, кӯч. Гагарин, х-9, сардори нозироти андози н.Кушониён, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Бохтар ба самти н.Ҷ.Балхӣ, дар км 121-650 шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён, воқеъ дар ҳудуди н.Ҷ.Балхӣ, ҷ\д Маданият, деҳаи Т.Исанқулов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Шерматов Илёсбек Муҳамадович 2015 с\т, истиқоматкунандаи ҷ\д Ҳалевард, деҳаи Кировро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, Шерматов И.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 

13.08.2019 тахминан соатҳои 06.20-дақиқа ронандаи а\м тамғаи “Опел-Астра”, р/д 24-68 АВ/03 шаҳрванд Баротов Шодӣ Холмирзоевич 1963 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи н.Қубодиён, деҳаи Бештемуранг ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ш.Душанбе ба самти ш.Кӯлоб дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб, дар 110км 500 метр, дар ҳудуди ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, р/д 09-38 ДО/01, таҳти идораи ронанда, Бобоев Баҳодур Файзалиевич 1985 с/т,  истиқоматкунандаи н.Ҳамадонӣ, ҷ/д Турдиев, деҳаи Бешкаппа, бархурдааст. Дар натиҷа мусофири а/м тамғаи “Опел-Астра”, р/д 09-38 ДО/01, ноболиғ, Бобоев Ҷасур Баҳодурович 2008 с/т, хонандаи синфи 5-уми МТМУ №43, истиқоматкунандаи н.Ҳамадонӣ, ҷ/д Турдиев, деҳаи Бешкаппа, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва ронанда, Бобоев Б.Ф. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидааст.

 

13.08.2019 тахминан соатҳои 11:40 дақиқа ронандаи  а/м тамғаи “Опел-Астра”, р/д  19-94 РР/01, шаҳрванд Саидов Фаридун Соҳибназарович  1994 с/т, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯч. Миралӣ  х.14, ҳангоми  ҳаракат  аз самти марказӣ ноҳия ба самти деҳаи Нурбахш, дар ҳудуди деҳаи Меҳтари ҷ/д Лолазор, аз ӯҳдаи идора а/м набаромада, автомашинаро чаппа намудааст. Дар натиҷа ронанда, Саидов Ф.С. ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса  ба ҳалокат расидааст.

 

13.08.2019 тахминан соатҳои 01.05 дақиқа. ронандаи а/м тамғаи «Дулан» (махсуси сӯзишворикашанда), р/д ТҶ 19-30 ВН/03, шаҳрванд Давлатов Фарҳод Раҷабалиевич  1991 с/т, истиқоматкунандаи н. Қӯшониён, ҷ/д Бӯстонқалъа, деҳаи Озодии Меҳнат, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар 150 км, мавзеъи Ғуштани болои деҳаи Хушекати н. Айни, аз ӯҳдаи идора намудани а/м набаромада, ба ҷарии ҷуқуриаш тахминан 300-метр а/м-ро чаппа намуда, таркиш ба амал омадааст. Дар натиҷа ронанда, Давлатов Ф. Р. ва мусофираш, Саидов Иброҳим Маҳмадраҳимович   2001 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н. Қӯшониён, ҷ/д Бӯстонқалъа, деҳаи Озодии Меҳнат, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари а/м шаҳрвандон; Тӯраев Орзу Қиёмиддинович  2000 с/т, истиқоматкунандаи н. Қӯшониён, ҷ/д Бӯстонқалъа, деҳаи Озодии Меҳнат, ва Тӯраев Саидмӯъмин Исломиддинович  2000 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н. Қӯшониён, ҷ/д Бӯстонқалъа, деҳаи Озодии Меҳнат, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар БМ н. Айнӣ бистарӣ гардидаанд.

 

13.08.2019 тахминан соатҳои 15.20-дақиқа ронандаи а\м тамғаи “Шевролет-Авес”, р/д 846 ОК/152 РУС шаҳрванд Ғаниев Суҳроб Ҳамроевич 1989 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Сомон, деҳаи Шуроб ҳангоми ҳаракат кардан аз самти маркази ноҳия ба самти деҳаи Шуроб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба а/м тамғаи “ДЭУ Лассетӣ”, р/д 61-02 ТТ/05, таҳти идораи ронанда, Нуров Нурмухаммад Ҳолиқович 1981 с/т,  истиқоматкунандаи ҷ/д Сомон, деҳаи Афғонобод, бархурда, сипас, ба а/м тамғаи “Опел-Астра” р/д 48-68 СР/01, таҳти идораи ронанда, Латифов Рустам Зарифович 1968 с/т,  истиқоматкунандаи ҷ/д Сомон, деҳаи Шуроби Афғон, бархурдааст. Дар натиҷа мусофирони дар дохили  а/м “ДЭУ Лассетӣ”  шаҳрванд Раҳмонова Насиба Ассадуллоевна 1978 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Хонақои куҳӣ, деҳаи Кафшдузон ҷароҳати вазнини ҷисомонӣ бардошта дар БМ ба ҳалокат расидааст. Мусофирони дигари а/м “ДЭУ Лассетӣ” ш-ндон, Саъдуллоев Садриддин 1948 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Хонақои куҳӣ, деҳаи Кафшдузон ва Саъдуллоева Сайёҳат 1974 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Хонақои куҳӣ, деҳаи Кафшдузон ҷароҳатҳои ҷисомонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон