САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

 12.08.2019 тахминан соати 12.40-дақиқа ронандаи а/м  тамғаи “Тайота-200”, р/д 55-55 СУ/01 шаҳрванд Маҳмадиев Фатҳулло Сайдакбарович 1982 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Дарёобод, деҳ. Соҳибкор, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди ҷ/д Б.Раҳимзода, деҳ. Пингон аз уҳдаи идораи а/м набаромада, а/м-ро чуқурии 40-метр чаппа намудааст. Дар натиҷа худи ронанда шаҳрванд Маҳмадиев Ф.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон