САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

 

11.08.2019 тахминан соати 05.30-дақиқа ронандаи а/м тамғаи “Мерседес-Бенс”, р/д 17-31 СС/03 шаҳрванд Ҳусейнов Равшан Шарофович 2000 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Бохтар, кӯчаи С.Айнӣ х.158/54, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ш.Бохтар ба самти н.Қубодиён дар ҳудуди н.Дӯстӣ, ҷ/д Нури Вахш, деҳ. Л.Шералӣ аз уҳдаи идораи а/м набаромада, ба канори рости роҳ баромада ба чуқурии 67-метр чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда шаҳрванд Ҳусейнов Р.Ш. ва мусофирони а/м мазкур шаҳрвандон: Ҳусейнова Муноҷот 2001 с/т, Ҳусейнова Хосият 1951 с/т, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари а/м мазкур Ҳусейнова Гулнора 1978 с/т ва ноболиғ, Ҳусейнова Робия 2010 с/т ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ гардидаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон