БОЗДОШТИ ПИСАРИ ЗАФАРЧА БАРОИ ПАҲН КАРДАНИ ВИДЕОҲОИ АЛОҚАИ ҶИНСИАШ БО ДУХТАРИ ЯК ОВОЗХОНИ МАШҲУР

БОЗДОШТИ ПИСАРИ ЗАФАРЧА БАРОИ ПАҲН КАРДАНИ ВИДЕОҲОИ АЛОҚАИ ҶИНСИАШ БО ДУХТАРИ ЯК ОВОЗХОНИ МАШҲУР

 

Ҷовидон Аюбов, писари 27-солаи овозхон Зафар Аюбӣ,
маъруф ба Зафарча, ду рӯз пеш, баъди 5 рӯзи боздошт озод шуд. Ҷовидон Аюбовро дар
аввали моҳи август дар пайи дар телефонҳои мардум ба сайр даромадани видеоҳои
алоқаи ҷинсиаш бо духтари як овозхони машҳури дигар бо иттиҳоми ғайриқонунӣ
паҳн кардани маводи порнографӣ дастгир карданд, вале дар ниҳоят аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ
худдорӣ кардаанд. Ҷовидон Аюбов гуфтааст, ки алоқаи ҷинсии онҳо бо розигии он
ҷавонзан сурат гирифта, низ бо розигии ӯ сабт шуда буд. Чанд рӯз боз дар
телефонҳои мобил ва бархе гуруҳҳои Интернет видеои алоқаи ҷинсии Ҷовидон Аюбов,
писари 27-солаи овозхон Зафар Аюбӣ, ки бо номи Зафарча машҳур аст, ба сайр
даромадааст. Се видеои алоқаи ҷинсии ин ҷавон бо духтари овозхони машҳур С. ба
дасти сомонаи "Ахбор” низ расид, вале ба далоили ахлоқӣ аз нашри ин наворҳо
худдорӣ мекунем. (Аз пеш ин хоҳишро дорем ки бо дархости шахсан ва алоҳида ба ягон
кас фиристодани ин видеоҳо ба сомонаи "Ахбор” муроҷиат накунед) Дар ин видеоҳо ин
марду зани ҷавон беибо ҷараёни алоқаи ҷинсии худро ба навор мегиранд ва зан,
дар ҳоле ки дар оғӯши писари Зафарча метапид, дар телефонаш видеои алоқаи
ҷинсиашро, ба қавле, "дар пахши мустақим” тамошо мекунад. Дар видео дида
мешавад, ки Ҷовидон Аюбов ҳар лаҳза ба тарафи видеокамера нигоҳ мекунад, ки оё
сабт чӣ гуна ҷараён дорад? Дар чанд ҷои навор духтари овозхони дигарро мебинем,
ки бо телефонаш навор мегирад ва видеои алоқаи ҷинсиашонро тамошо мекунад.
<p><span lang="TG">Баъди дар байни
мардум паҳн шудани ин видеоҳо, кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД
Тоҷикистон (сардораш – Шоҳрух Саидзода) дар аввали моҳи август писари Зафарчаро
барои 5 рӯз боздошт карданд. Ба зидди ӯ мехостанд бар асоси моддаи 241-уми
Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани
маводи порнографӣ парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Ин моддаи қонун барои чунин
ҷиноят ҳамчун муҷозот аз ҷарима ба маблағи аз 500 то 800 нишондиҳанда барои
ҳисобҳо (аз 27 500 то 44 ҳазор сомонӣ) ва то ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба
муҳлати то 2 солро пешбинӣ мекунад.
Вале Ҷовидон
Аюбов дар ҷараёни бозпурсиҳо гуфтааст, ки ҳарду кор – ҳам алоқаи ҷинсӣ ва ҳам
сабти он – бо розигии он зан сурат гирифта буд. Рӯзи 7 август Ҷовидон Аюбовро
аз боздошт ҷавоб доданд ва парванда ба зидди ӯ кушода нашуд. Ҷовидон Аюбов
соли 1992 ба дунё омада, риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм
кардааст, вале дар ягон ҷо кор намекунад. Ӯ қаблан низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ
кашида шуда буд.
Аммо "қаҳрамон”-и
дуюми ин филми порнографӣ зоҳиран ҷазои сахт дид. </span>Мағозаи ин зан
дар як фурӯшгоҳи Душанбе низ, бино ба хабарҳо, чанд рӯз боз баста аст, чунки
мардум рӯзҳои ахир ба ин мағоза на барои харид, балки бештар барои тамошои "порно-ситора”-и
нав меомаданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон