САДАМАИ НАҚЛИЁТИ МАРГОВАР

 

08.08.2019 сол тахминан соатҳои 14:00 дақиқа ронандаи а/м тамғаи “Опел-Астра” р/д ТҶ 79-14 АА/70 шаҳрванд Қосимов Шарифхон Ҳасанович 1988 с/т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш Шуъбаи маорифи н.Ховалинг, истиқоматкунандаи ҷ/д Лоҳутӣ, деҳ. Наврӯҳо, ҳангоми ҳаракат аз самти н. Восеъ ба самти н. Ховалинг дар назди мавзеъи Куталхуштаки ҷ/д Лоҳутӣ дар 67-километри ҳудуди н.Восеъ-Ховалинг аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, а/м-ро ба чуқурии 50-метр чаппа намудааст. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофиронидар дохили а/м буда шаҳрвандон Латифов Файзали Одинаевич 1965 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Шугнов, деҳ. Шугнов, Назарова Қатра Достиевна 1998 с/т, миллаташ тоҷик, донишҷӯӣ донишгоҳи Давлатии ш.Кулоб, истиқоматкунандаи ҷ/ш Ховалинг, кӯч. 8-Март ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи н.Ховалинг бистарӣ гаштаанд. Мусофири дигари дар дохили а/м буда, шаҳрванд Одинаева Моҳлиқо Файзалиевна 1998 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Шугнов, деҳ. Шугнов, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 

08.08.2019 тахминан соати 00.40-дақиқа ронандаи а/м тамғаи “Опел-Астра”, р/д 68-35 ДД/03 шаҳрванд Умаров Тоҷибой Алихонович 1962 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д 20-солагии Истиқлолият, деҳ. Қизилнишон, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳ. Навобод, ба самти деҳ. Қизилнишон дар ҳудуди деҳ. Навбаҳор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Менглиқулова Сабрина Бековна 2016 с/т, истиқоматкунандаи ҷ\д 20-солагии Истиқлолият, деҳ. Қизилнишонро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол, Менглиқулова С.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия ба ҳалокат расидааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон