ҲОДИСАҲОИ НОХУШ ВА СӮХТОР

 

06.08.2019 тахминан соатҳои 16-30 дақиқа шаҳрванд Сураёи Розиқзода 1987 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/ш Балх, кӯч. Б.Ғафуров, дар вақти аз чоҳи назди хонаи истиқоматиашон об гирифтанаш аз беэҳтиётӣ ба чоҳи об афтида, ба ҳалокат расидааст.

 

06.08.2019 тахминан соатҳои 17.20 дақиқа шаҳрванд Султонзода Бобоҷон Илҳомҷон 1998 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Даҳана, деҳаи Сариҷар ҳангоми дар оби Кулдараи назди деҳаашон оббозӣ карданаш, ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

 

07.08.2019 тахминан соатҳои 15.00 дақиқа шаҳрванд Сафаров Маҳмадюсуф Бобоназарович 1995 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Эсанбой, деҳаи Марзор ҳангоми дар дарёи Кофарниҳон, воқеъ дар ҷ/д Эсанбой оббозӣ карданаш, ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

 

07.08.2019 тахминан соатҳои 18-20 дақиқа шаҳрванд Муъминов Шодруз Олимович 2001 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Сино, х.132/6, ҳ.73 ҳангоми дар дарёи Вахш оббозӣ карданаш, ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

 

07.08.2019 тахминан соатҳои 16.30 дақиқа шаҳрванд Муборакқадамзода Амонбегим Иқбол 2001 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи деҳаи Шазудӣ ҳангоми дар дарёи Шазуд оббозӣ карданаш, ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

 

06.08.2019 тахминан соати 16:00 дақиқа ноболиғ, Ибрагимов Абубакр Амирхонович 2003 с/т, хонандаи синфи 11-уми МТМУ №-93, истиқоматкунандаи кӯч. Испечак-2 маҳ-26 х.9 ҳ.10 ҳангоми дар бинои навсохтумон, воқеъ дар кӯч.А.Сино бинои 42 бо корҳои сохтумонӣ машғул буданаш, нохост пояш лагжида аз ошёнаи 15-уми бинои мазкур ба замин афтидааст. Дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 

07.08.2019 тахминан соати 12.15-дақиқа дар ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Қурбонов Мирҷамол Орифович 1964 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Чорбоғ, деҳаи Чорбоғ, дар масоҳати 50-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 6.800-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор муайян карда мешавад.

 

07.08.2019 тахминан соати 14.10-дақиқа дар ошхонаи шаҳрванд Ҳакимов Иззатулло Ибодуллоевич 1993 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Навдӣ, деҳаи Навдӣ, дар масоҳати 20-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 4.695-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор нодуруст истифода бурдани оташтон мебошад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон