КУШТОРИ ҲАМСАР АЗ РАШК

КУШТОРИ ҲАМСАР АЗ РАШК

 06.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Азизов Насибҷон Ҳаитбоевич 1993 с/т, миллаташ  тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Нофароҷ, деҳаи Навобод, пеш бо моддаи 237 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 05.08.2019 сол тахминан соати 18.30-дақиқа аз сабаби муноқишаи оилавӣ (рашк) ҳамсараш, Розиқова Матлюба Асроровна 1994 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҳамон ҷоро, ки аз беморхонаи марказӣ ба хонааш бармегашт, дар дохили а/м шаҳрванд Ҳусейнов Шавкат Боймуродович 1972 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Нофароҷ, деҳаи Навобод, кирокаш (таксӣ) бо корд 10-маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Розиқова М.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истода, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон