ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ (ИФРОТГАРОӢ).

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ (ИФРОТГАРОӢ).

 05.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Мусоев Диловар Ҷумъахонович 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Ҳамадонӣ, ҷ/д Даштигуло, деҳаи Даштигуло дастгир карда шуд. Номбурда, аз соли 2003 то соли 2015 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ф.Россия қарор доштанаш, тавассути шабакаи интернетии “Зелло”, “Радиои озодӣ”, “Телеграмм” ба барномаҳои “Халифат”, “Роҳнамо ба сӯи хилофати Исломӣ ”, “Тактика боя” ворид шуда, худро бо мустаъорҳои “Абу Абдураҳмон”, “Мисров” ва “Абу Умар” сабти ном карда, бо аъзои ташкилоти терористи-экстремистии “ДИИШ” бо мустаъорҳои “Абу Ҳамза”, “Шоми”, “Абу Муҳаммад”, “Абу Довуд” ва “Абу Усомаи Норакӣ”, шинос шуда, бо онҳо мунтазам дар алоқа буда, бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати Исломӣ” шиносоӣ пайдо намуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Шаҳрванд Мусоев Д.Ҷ. аз соли 2017 бо аъзои дигар ташкилоти экстремистӣ-террористии бо номи “Шаҳомат” шинос шуда, донишҳои динии онҳоро сайқал дода, супоришҳои онҳоро иҷро менамудааст. Нисбати шаҳрванд Мусоев Д.Ҷ. аз тарафи прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 иловаи 2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон