ШАРМАНДАГӢ - Қадами Қурбон рақси миллӣ ва куртаи чакани тоҷикиро ба чи оварда расонид (Видео)

ШАРМАНДАГӢ - Қадами Қурбон рақси миллӣ ва куртаи чакани тоҷикиро ба чи оварда расонид (Видео)

 Дар шабакаи инетрент хусусан дар сомонаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки аз паст гаштани сатҳи фарҳангу маърифати ҷомеаи тоҷик, алалхусус сарояндаҳою рақосаҳои тоҷик далолат мекунад.

Дар навори мазкур дида мешавад, ки дар тарабхонае дар зери суруди суроянда машҳур (кӯчагӣ) Қадами Қурбон рақосаҳо бо куртаи милли тоҷикии "Чакан" рақсида истодаанд. Вале он рақосаҳо дар зери суруди сароянда Қадами Қурбон чунон рақсида истодаанд, ки дар сабку услуби ягон миллат рост намеояд. Ба назар чунин мерасад, ки гуё он рақосаҳо бемории рӯҳи дошта бошанду онҳо дучори "ПРИПАДКА" шудаанд. 

Вақтҳои охир коҳиш ёфтани фарҳангии миллати тоҷики ба назар мерасад. Бояд ҳарчи зудтар Вазорати фарҳанг пеши роҳи чунин ахмақиҳоро гирад, то ки чунин сурудҳои пучу бемаънӣ ва чунин рақсҳое, ки дар сатҳи паст қарор доранд дар байни мардум паҳн нашаванд. Агар чунин рафтан гирад Худо медонад, ки оқибати фарҳангу маърифати миллати тоҷик чи мешуда бошад. Вале имрӯз Вазорати Фарҳанг куҷоро назорат мекарда бошад, зери суол мемонад.

Фикру ақида ва пешниҳодҳои худро шарҳ диҳед !

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон