ДАР САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ 5 НАФАР ҶОН БОХТАНД

ДАР САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ 5 НАФАР ҶОН БОХТАНД

 01.08.2019 сол тахминан соати 05:10 дақиқа ронандаи а/м тамғаи “ОПЕЛ-АСТРА” р\д 67-94 РР/01 шаҳрванд Валиев Беҳзод Сайдалиевич 1972 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Зарафшон х.9, ҳ.10, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ш.Душанбе  ба самти ш.Хоруғ дар 270-км ҳудуди мавзеъи Яхчипун, ҷ/д Даштиҷуми ноҳия, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада,а/м-ро ба  дарёи “Панҷ” чаппа намудааст. Дар натиҷа ронандаи а/м мазкур шаҳрванд Валиев Б.С ва мусофирони дар дохили а/м буда шаҳрвандон Асоев Садриддин, истиқоматкунандаи н.Ванҷ, деҳаи Дуршер, Қурбонова Ингра 1997 с/т, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Қаҳҳоров, Асоев Айшам ва Асоева Зифмо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон