ТАҶОВУЗ БА НОМУС

ТАҶОВУЗ БА НОМУС

 31.07.2019 шаҳрванд Мирзоева Ҷаҳонгир Нуруллоевна 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Вахш, ҷ/ш Киров, деҳаи Аскари-Сурх ба ШВКД ноҳияи Кушониён муроҷиат намуд, ки санаи 30.07.2019 сол тахминан соати 15.00-дақиқа шахси номаълум бо роҳи фиреб ӯро ба меҳмонхона, воқеъ дар ҳудуди ҷ/ш Бӯстон-қалъа оварда, дар меҳмонхонаи мазкур бо роҳи зӯроварӣ таҷовуз кардааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд  Саидов Сафархуҷа Сайдаҳмадович 1984 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Вахш, ҷ/д Тоҷикобод, деҳаи Пахтаобод, пеш бо моддаи 131 КҶ ФР суд шудааст, дастгир карда шуд. Тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон