ОДАМКУШӢ ДАР МАСЧИД

ОДАМКУШӢ  ДАР МАСЧИД

 31.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд  Ҳакимов Акобир Ниёзович 1937 с/т, миллаташ тоҷик, нафақахӯр, истиқоматкунандаи ҷ/д Бӯстон, деҳаи Чилчашма дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 31.07.2019 сол тахминан соати 13.40-дақиқа дар бинои масҷиди деҳаи Чилчашма аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо шаҳрвандон Камолов Карим 1969 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Бӯстон, деҳаи Чилчашма ва Камолов Мирзо 1940 с/т, миллаташ тоҷик, нафақахӯр, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 3-маротиба ба бадани шаҳрванд  Каримов К. ва 1-маротиба ба гардани шаҳрванд  Камолов М. задааст. Дар натиҷа шаҳрванд  Камолов М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳия дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Шаҳрванд  Камолов К. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии н.Файзобод бистарӣ гардидааст. Тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон