МАДИНА АҚНАЗАРОВА АСПБОЗ АСТ? (ВИДЕО) 30.07.2019

МАДИНА АҚНАЗАРОВА АСПБОЗ АСТ? (ВИДЕО) 30.07.2019

 Мадина Ақназарова, ҳунарманди ҷавону боистеъдодест, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дар жанрҳои гуногун, аз қабили арияву фалак месарояд. 

Ӯ ҳанӯз хеле ҷавон аст, вале аллакай мавқеи худро дар ҷодаи санъат пайдо кардааст. Мо хоҳиши мухлисони Мадинаро ба инобат гирифта, розҳои то ин замон нокушодаи ӯро бароятон ифшо месозем.

-Мадина, мегӯянд, ки «Захмае мебояд, ки ҷони хуфта бархезад зи хоб», чӣ ё кӣ сабаб шуду Мадина рӯ ба сарояндагӣ овард?

-Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки замоне сароянда мешавам, аммо аз хурдӣ бобоям меҳри санъатро дар дилам ҷой сохту оташаки ишқи ҳунар рӯз ба рӯз бештару бештар аланга гирифта, билохира маро ба пайроҳаи эҷод роҳнамун гашт.

-Дар ягон ансамбл шомил ҳастед?

-Ман шомили ягон ансамбл нестам, асосан дар чорабиниҳои калон ширкат меварзам. Бо ҳаводорони ҳунари худ наздик будан мехоҳам, аз ин ҷост, ки бештар дар ҳудуди кишвари азизам сафарҳои ҳунарӣ мекунам.

-Шумо дар як муддати кӯтоҳ тавонистед ба қатори ҳунармандони машҳур шомил гардед. Сирри муваффақиятатон дар чист?

-Ман дар баҳри беканори санъат як қатраи хурдеро мемонам. Хеле мушкил аст дар амвоҷи ин баҳр устувор мондан, аз ин хотир ҳамеша дар такопӯ ва ҷустуҷӯ ҳастам. Сароянда бояд ҳамқадами замон ва навҷӯ бошад.

-Хеле хоксорона ҳарф мезанед, аммо ҳар таронаеро, ки эҷод мекунед, дар сархати сурудҳои беҳтарини ҳунармандони ватанӣ қарор мегирад...

-Бале, сурудҳои ман аксаран хит мешаванд. Сабаб дар он аст, ки эҷод кардану суруданро дӯст медорам. Фикр мекунам, ки Худованд маро маҳз барои ҳамин офаридааст!

-Бо кадоме аз сарояндагони ҷавон дӯстӣ доред?

-Бештар бо Хуҷастаи Мирзовалӣ наздик ҳастам, бар замми он ки якҷоя ҳунарнамоӣ мекунему ба сафарҳои ҳунарӣ мебароем, ман бо дилпурӣ метавонам ба ӯ дарди дил кунам, чун Хуҷаста дӯсти вафодор асту ҳамеша ҳамрозу маслиҳатгари ман.

-Имрӯз сарояндагони зиёде ҳунари худро дар синамо низ санҷида истодаанд. Шумо симои хеле зебо доред, агар ба синамо даъват кунанд, меравед?

-Не, чунин фикрро дар сар надорам. Ҳунармандони боистеъдоди зиёдеро медонам, ки баъди бемор шудан ё ба фоҷиае гирифтор гаштан муфлису бенаво шуданд, аз танҳоиву бекасӣ ҷон ба ҳақ супориданд. Инсон бояд пеш аз ҳама ояндаи худро фикр кунад. Имкон медоштам, ба ғайр аз сарояндагӣ боз тиҷорати худро мекушодам.

-Нақшаҳои ҷадиди Мадина?

-Нақшаҳои зиёде дорам, вале гуфтан намехоҳам, чун инсон набояд нақшаву нияташро пешакӣ ба касе гӯяд.

-Ҳаводорони ҳунаратон хеле мехоҳанд дар бораи ҳаёти шахсии шумо маълумот дошта бошанд.

-Ҳаёти шахсии инсон моли шахсии ӯст ва шарт нест, ки чизҳои танҳо ба худи ӯ мансуббударо расонаӣ намояд.

-Мадина меҳри нафареро дар дил дорад?

-Дар дунё шахсе нест, ки дӯст надорад, зеро зиндагӣ бо ишқу муҳаббат зебост.

-Аз нигоҳи Мадина мард бояд чӣ гуна бошад?

-Ман наметавонам бо марде ҳамқадам бошам, ки ин дунё барояш дунёи дард асту арзише надорад, намехоҳам мард дилсиёҳ бошад. Ба андешаи ман вақте инсон дилу нияти соф дорад, зиндагияш зебову рангин мегардад. Баъдан вақте як марду як зан якҷоя мешаванд, дунёяшон комилан дигар мешавад, чун ба якдигар таъсири сахт мерасонанд.

-Хӯрок пухта метавонед ё мисли баъзе бонувони ҳунар аз дегу табақ мегурезед?

-Хӯрокпазӣ шуғли дӯстдоштаи ман аст. Бештар пухтани оши палов ва мантуро хуш дорам.

-Шумо дар пӯшидани либос завқи хеле баланд доред. Аксарият донистан мехоҳанд, ки дизайнери Мадина кист...

-Дизайнери ман модарам ҳастанд. (Механдад.) Аксаран либосҳоямро модарам мехаранд. Андозаи либоси ҳардуямон як асту модарам сараввал либосро пӯшида, баъдан интихоб мекунанд, ман бошам сад дар сад бо завқу интихоби модарам розӣ ҳастам. Бар замми ин, мо либосҳои худро танҳо аз як нуқтаи савдо харидорӣ мекунем.

-Сафаре, ки як умр дар хотироти Мадина нақш бастааст?

-Бо аҳли оила ба Олтойи куҳӣ сафар карда будем. Шабонгаҳ дар хайма хоб мерафтему рӯзона аспсаворӣ мекардем. Медонед, дар оғӯши табиати нотакрор, дур аз одамону ҷаҳони муосир, ҷое ки танҳо куҳу дара ва кулу дарё аст, зстан чи қадар аҷиб ва гуворост. Он зебоиҳоро тасвир кардан номумкин аст. Барои як одами шаҳрӣ, ки пайваста кор мекунад, истироҳат дар чунин мавзеъ кайфияти хоса мебахшад. Танҳо дар оғӯши табиат инсон дарк мекунад, ки ҳамаи ташвишу мушкилоти мо арзише надоранд.

-Имрӯз Мадина ба чӣ ё ба кӣ ниёз дорад?

-Уҳдадориҳои тоза ба тозаеро мехоҳам, ки мао ба талош намудан водор созанд ва бештар аз ин рушд карда тавонам. Мехоҳам дар паҳлуи ман шахсоне бошанд, ки бо онҳо пеш равам. Дар канори худ афроди ҳамақида ва пур аз нерӯи эҷодиро дидан мехоҳам. Мехоҳам ҳамқадами беҳтаринҳову баргузидаҳо бошам. Ман натанҳо атрофиён, балки марди зиндагии худро низ шахси босаводу бофарҳанг дидан мехоҳам.

-Бигузор Худованд шуморо ба тамоми орзуву нақшаҳоятон мушарраф гардонад!

-Ташаккур.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон