ҶИНОЯТКОРОН БА ДАСТ АФТОДАНД

 

28.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Фархор ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Нуров Маҳмадюсуф Аҳмадович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ\д Дарқад, деҳаи Дарқад, ки ҷинояти қаллобиро содир намуда, аз тарафи ШТ ШВКД дар н.Фархор бо моддаи 247 қ.2, банди “в” КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди н.Фархор дастгир карда шуд.

 

29.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Файзобод ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Қутбиддинов Суҳробҷон Абдураҳмонович 1978 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Меҳробод, деҳаи Меҳробод, ки ҷинояти бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандонро содир намуда, аз тарафи  ШВКД дар н.Файзобод бо моддаи 177 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди н.Файзобод дастгир карда шуд.

 

29.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД шаҳри Турсунзода ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Аланазаров Тоштемур Эргашович 1966 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Қаратоғ, деҳаи Гулбутта, ки ҷинояти ғайриқонуни додани қитъаи заминро содир намуда,аз тарафи  ШВКД дар ш.Турсунзода  бо моддаи 338 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди ш.Турсунзода  дастгир карда шуд.

 

29.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД шаҳри Турсунзода ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Хушматов Норбобо Раҳматович 1963 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д 10-солагии Истиқлолият, деҳаи Лолазор, ки ҷинояти ғайриқонуни додани қитъаи заминро содир намуда, аз тарафи  ШВКД дарш.Турсунзода  бо моддаи 338 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди ш.Турсунзода  дастгир карда шуд.

 

29.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Шоев Боваалӣ Усмонович 1959 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чоргултеппа, деҳаи Навбунёд, ки ҷинояти ғайриқонуни додани қитъаи замин ва сохтакориро содир намуда, аз тарафи  ШВКД-1 дар н.Рӯдакӣ бо моддаҳои 338 иловаи 1 қ.1 ва 340 қ.2  КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди н.Рӯдакӣ дастгир карда шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон