МОШИНРО БУРДУ МАБЛАҒАШРО НАДОД

 

29.07.2019 шаҳрванд Тоҷиев Икром Акбарович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯчаи Т.Зеҳнӣ х.20/9 ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намуд, ки санаи 17.04.2018 сол Парвина ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар кӯчаи Бохтар аз ӯ 1-адад а/м шахсиаш тамғаи “Мазда СХ-7”-ро  ба маблағи 71200-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Яқубова Парвина Давлатовна 1975 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯчаи У.Хайём х.10 дастгир карда шуд.

Инчунин, ӯ бо ҳамин роҳ санаи 04.04.2018 сол ба боварии шаҳрванд Тоҷиев Икром Акбарович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯчаи Т.Зеҳнӣ х.20/9 даромада, дар кӯчаи Бохтар 1-адад а/м шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро  ба маблағи 100000-сомонӣ гирифта,17800-сомониашро баргардонида,боқимонда 82200-сомониашро то ҳол барнагардонидааст.

 

29.07.2019 сол шаҳрванд Ғоибов Давлат Садриддинович 1993 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯчаи Сари-Осиё х.224 ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намуд, ки аз санаи 14.03.2019 сол шаҳрванд Рауфов Муҳаммад Бахтиёрович 1996 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи х.Рӯдакӣ х.94, ҳ.3, дар кӯчаи М.Турсунзода назди тарабхонаи Сарез-1, аз ӯ 1-адад а/м шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро гирифта, ба гарав монда, 24000-сомониро гирифта, азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

 

29.07.2019 сол шаҳрванд Қодиров Қойчуман Эрмамадович 1946 с/т, нафақахӯр, истиқоматкунандаи деҳаи Тохтамиш ба ШВКД ноҳияи Муроғоб муроҷиат намуд, ки моҳи ноябри соли 2018 шаҳрванд Термичиков Тағайбек Мажидович  1972 с/т, бекор, истиқоматкунандаи деҳаи Тохтамиш,  аз ӯ  47-сар ҳайвони майдаи шохдорро ба маблағи 14000-сомонӣ гирифта,маблағашро барнагардонида, азонихуд намудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон