АВБОШӢ

АВБОШӢ

 28.07.2019 шаҳрванд Неъматҷонов Алиҷон Хурсандович 1977 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чортеппа, деҳаи Шайнаки-Гадо ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 27.07.2019 сол тахминан соати 15.30-дақиқа «Каромат» ном шахс дар ҳудуди ҷ/д Чортеппа бо писари ноболиғаш, Неъматуллоҷонов Муҳаммад Алиҷонович 2002 с/т, миллаташ тоҷик, хонандаи синфи 10-уми МТМУ №66, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба шикам ва 2-маротиба ба рони пояш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ММТ ҶТ бистарӣ гардидааст. Ҳангоми гузаронидани чорпабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Неъматзода Кароматулло Рустам 1997 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Навобод, кӯч. Шараф х.6, дастгир карда шуда, тафтишот идома дорад.

28.07.2019 шаҳрванд Ҳасанов Фарҳод Меликович 1971 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Испечак-2 М-14, х.5, ҳ.16 ба ШВКД ноҳияи Сино-2 муроҷиат намуд, ки санаи 27.07.2019 сол тахминан соати 12.30-дақиқа дар кӯч. Муҳаммадиев, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи «Шаҳриёр» шаҳрванд Зоиров Абдуваҳҳоб Қурбоналиевич 1999 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Борбад х.72/5, ҳ.9 писари ноболиғаш, Ҳасанов Абдусаттор Фарҳодович 2002 с/т, миллаташ тоҷик, хонандаи синфи 9-уми МТМУ №93, истиқоматкунандаи ҳамон ҷоро лату кӯб намуда, бо олоти халандаю бурранда 1-маротиба ба шикамаш задааст. Дар натиҷа ноболиғ, Ҳасанов А.Ф. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи «Шифобахш»-и ш.Душанбе бистарӣ гардидааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон