Вазир гуфт, наметавонад ба Президент гӯяд, "Далер Назаров, мардаки хуб аст, мукофот диҳед"

Вазир гуфт, наметавонад ба Президент гӯяд, "Далер Назаров, мардаки хуб аст, мукофот диҳед"

 Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, барои Далер Назаров, овозхони шинохтаи кишвар ҳеч монеаю маҳдудияте барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ нест

 Орумбекзода гуфт, ҳамчун вазир ваколат надорад, ки тартиботи қонунро нақз кунад ва додани мукофотҳои давлатӣ наметавонад бо супориш аз боло сурат бигирад.

Ӯ гуфт, ҳеч кас барои Далер Назаров маҳдудият эҷод накардааст, кадом нафаре набошад, Далер Назаров ё каси дигар бояд ҳуҷҷатҳоро таҳия кунаду зина ба зина аз тартиби муайяншуда гузарад. Ӯ бо таассуф изҳор дошт, ки ин расмиёт то ҳол анҷом дода нашудааст. Вазир зинаҳои пешниҳод ба мукофотҳои давлатиро шарҳ дод.

“Дар навбати аввал ҳуҷҷатҳо дар ҳайати коллективи ҳамкорон таҳия мешавад, баъд бо ҳукумати шаҳр мувофиқа мешавад, баъд аҳли ҳунар ба Вазорати фарҳанг пешниҳод мешаванд, мо ба Ҳукумати ҷумуҳурӣ пешниҳод мекунем. То имрӯз мутаассифона чунин пешниҳод нашудааст”, - изҳор дошт Орумбекзода

Ба иддао, ки хандаовар нест вақте як нафар барои гирифтани мукофоти давлатӣ худ расмиётро анҷом медиҳад, вазири фарҳанг бо суол посух дод, ки “хандаовар нест, ки ман гӯям, ман ба шумо мукофот медиҳам”.  

Вазир дубора таъкид намуд, ки барои гирифтани мукофоти давлатӣ расмиёти қонун бояд иҷро шаваду пешниҳодҳо метавонанд аз сатҳи ноҳияю вилоятҳо ироа гарданд. Орумбекзода илова намуд, ки хоҳ вазир бошад, хоҳ падари вазир, бояд меъёри қонунҳо риоя шавад.

Ӯ таъкид кард, ки наметавонад ба Ҷаноби олӣ расонад, ки Далер Назаров мардаки хуб аст, мукофот диҳед. Вазири фарҳанги Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар ҷомеаи мутамаддин қонун аз ҳама боло аст ва ифодае аз Рими қадимро зикр кард, ки хоҳӣ озод бошӣ ғуломи қонун бош.



Read more: https://sputnik-tj.com/culture/20190726/1029499766/Vazir-guft-nametavonad-ba-Prezident-gyad-Daler-Nazarov-mardaki-khub-ast-mukofot-dihed.html

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон