САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

 23.07.2019 сол тахминан соати 08-30 дақиқа ронандаи а/м тамғаи “Опел-Астра” р\д 53-75 АР\03 шаҳрванд Сабзаев Мирзоали 1950 с\т, истиқоматкунандаи н.Фархор, кӯч. Лангари х.14, ҳангоми ҳаракат аз самти н.Данғара ба самти ш.Бохтар дар ҳудуди н.Кӯшониён, ҷ\ш Бустонқалъа, деҳаи Эргаш, дар 32-км аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба тарафи чапи канори роҳ баромада ба ҷуқурии 26-метр 60-смчаппа шудааст.

Дар натиҷа оилаи ронанда, Шарифова Саломат 1955 с\т, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон