ЧОРВОДУЗД БА ДАСТ АФТОД

21.07.2019 шаҳрванд Аноров Ҷамшед  Ҳамзаалиевич 1990 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ш.Гулистон, шаҳраки Адрасмон, деҳаи Гулдара х.49 ба ШВКД ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намуд, ки санаи 20.07.2019 сол тахминан соати 11.00-дақиқа шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои деҳаи Қароҷингил, ҷ/д Исмоил 17-сар чорвои майдаи шохдор, ки арзиши умумиашон 11.900-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Аноров Алимбердӣ Абдураҳимович 2000 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ш.Гулистон, шаҳраки Адрасмон, деҳаи Гулдара, дастгир карда шуд. Нисбати шаҳрванд Аноров А.А. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон