расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Рушду такомул ёфтани ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

. / Ҳаводис

Рушду такомул ёфтани ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

viber_2020-11-20_15-46-37
Бо мақсади боз ҳам рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори алоҳидаи ваколатдори соҳаи сайёҳӣ – Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
viber_2020-11-20_15-46-23
Таъсиси Кумитаи рушди сайёҳӣ барои сарзамини сайёҳӣ гаштани Тоҷикистон заминаи хубе ба вуҷуд овард. Дар соли аввали фаъолияти Кумита Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Стратегияи рушди сайёҳӣ ҳамчун ҳуҷҷати асосии рушди соҳа ҳадаф, вазифа ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳии мамлакатро барои давраи то соли 2030 муайян намуда, ба сифати унсури ташаккули нақшаҳо ва роҳнамои ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандон дар соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ нақши муассир дорад.
Ҳамин иқдому имтиёзҳо ва чорабиниҳои сатҳи баланд сабаб шуданд, ки шумораи сайёҳони ба мамлакат ташрифоварда соли 2019 марзи 1 миллион нафарро гузашт.
Ин ҳама пешравиҳо ва эътирофҳо туфайли истиқлол ва сулҳу ваҳдат мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати озоду обод ва макони мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ боз ҳам ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамояд.
Мавриди қайд аст, ки дар самти рушду такомули соҳаи сайёҳӣ кормандони Шуъбаи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ низ саҳми босазо гузошта, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷалби саёҳҳони хориҷӣ ба кишвар ва таъмини амният ва роҳбаладии онҳо нақши арзанда доранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.