СӮХТОРИ МУДҲИШ

СӮХТОРИ МУДҲИШ

 20.07.2019 тахминан соати 21:45-дақиқа дар анборхонаи шаҳрванд Қурбонов Хайриддин Насриддинович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/ш А.Ҷомӣ, кӯчаи Каленин х.25, дар масоҳати 10-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Дар натиҷаи сӯхтор болопӯши хонаи ҳамсояаш шаҳрванд Юсуфов Нурулло Шарифбоевич 1983 с/т, низ сӯхта зарар дидааст. Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Зарари расонидашуда 5000-сомониро ташкил медиҳад.

 

21.07.2019 тахминан соати 05.00-дақиқа дар корхонаи истеҳсоли сандуқ, воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоев-2, ки ба шаҳрванд Исрофилов Манучеҳр Умриҷонович 1985 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳувайдуллоев х.153, ҳ.31 тааллуқ дорад, дар масоҳати 300-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Дар натиҷаи сӯхтор 4-адад таҷҳизотҳо (станок) ва 2-метр куби тахта пурра сӯхта нобуд шудааст.  Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Зарари расонидашуда 15.000-сомониро ташкил медиҳад.

 

21.07.2019 тахминан соати 12.30-дақиқа дар коҳдонхонаи шаҳрванд Фатҳуллоев Меҳроҷиддин Саъдуллоевич 1964 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Меҳробод, деҳаи Меҳробод дар масоҳати 105-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Зарари расонидашуда 3500-сомониро ташкил медиҳад.

 

21.07.2019 тахминан соати 09.30-дақиқа дар коҳдонхонаи шаҳрванд Неъматов Муродалӣ Урбатович 1956 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Бӯстон, деҳаи Ҳаймаҳмадӣ дар масоҳати 90-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Сабаби сар задани сӯхтор оташбозии набераи соҳибхона хурдсол, Қодирзода Нозанин Раҳмиддин 2015 с/т мебошад. Зарари расонидашуда 5600-сомониро ташкил медиҳад.

 

Аз хонандагони сомона эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки асбобҳои барқӣ ва кӯдаконро бе назорат нагузоред.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон