расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Тақвияти чорабиниҳои зиддисӯхторӣ дар давраи сармо

. / Ҳаводис

Тақвияти чорабиниҳои зиддисӯхторӣ дар давраи сармо

1176
Бо мақсади таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар фасли сармо кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он дар ҳамкорӣ бо масъулини ҷамоатҳои деҳот ва раисони шӯрои маҳаллаҳо дар манзилҳои зисти шаҳрвандону маҳаллаҳои аҳолинишин ва дигар муассисаву иншоот корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳиро пурзур намуда, оид ба истифодаи оқилонаю сарфакоронаи нерӯи барқ, муносибати боэҳтиётона намудан бо асбобу таҷҳизотҳои маишии барқию газӣ, печҳои аловӣ ва дигар манбаҳои оташ корҳои дастурдиҳӣ ва суҳбатҳои хоса ташкил ва баргузор намуда истодаанд.
Бояд қайд кард, ки тибқи таҳлилҳои оморӣ шумораи бештари ҳодисаҳои сӯхтори манзилҳои истиқоматӣ, бар асари риоя накардани оддитарин меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз тарафи шаҳрвандон дар ҷойҳои хӯрокпазӣ, анҷомхонаю оғилхонаҳо ва ҷойҳои захираи хӯроки дурушти чорвою нигоҳдории ҳезуму ангиштсанг ба вуқӯъ меоянд. Бинобар ин, дар вақти гузаронидани чорабиниҳои зиддисӯхторӣ дар манзилҳои зисти шаҳрвандону маҳаллаҳои аҳолинишин кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ диққати шаҳрвандонро ба ин камбудиҳо бештар ҷалб намуда, баҳри илоҷи ҳама гуна воқеаҳои нохушро пеш аз вуқӯъ дидан, ҷиҳати дар ҷояш бартараф намудани омилу сабабҳои хавфи сӯхтордошта, ба онҳо дастурҳои дахлдор додаву кӯмаки амалӣ расониданд.
Мавриди зикр аст, ки чунин чорабиниҳои пешгирикунандаи зиддисӯхторӣ аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он дар ҳамкорӣ бо масъулини ҷамоатҳои деҳот ва раисони шӯрои маҳаллаҳо дар ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода, ки 11 деҳаву 22 ҳазор аҳолӣ дорад ва дар ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб низ, ки 17 деҳаву зиёда аз 35 ҳазор аҳолӣ дорад дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд.
Ҳамчунин кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Варзоб дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб», ки дар он 260 нафар бошандагон ва 230 нафар кормандон мебошанд, бо роҳбарияту шахсони масъул дар мавзӯи чи гуна амал намудан дар мавриди сӯхтор корҳои профилактикӣ-омӯзишӣ ва дастуру суҳбатҳо гузаронида, ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас доданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.