МУЛЛОИ БАДАХЛОҚ БА ДАСТ АФТОД

МУЛЛОИ БАДАХЛОҚ БА ДАСТ АФТОД

 21.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Мастчоҳ шаҳрванд Нодиров Мирзоюсуф Мирзоевич 1984 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Палдорак, деҳаи 40-солагии Дилварзин, миллаташ тоҷик, бекор, дастгир карда шуд. Номбурда, ҳамчун домуллои “Ҷинхон” дар ҳавлии истиқоматиаш ба сеҳру ҷоду машғул гашта, санаи 18.07.2019-сол тахминан соати 13:30-дақиқа ба боварии шаҳрванд Одинаева Хосият Рӯзибоевна 1993 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Палдорак, кӯчаи З.Ҳасанова х.б/р, миллаташ тоҷик даромада, бо баҳонаи ба ӯ тумор додан дар меҳмонхонаи “Анис”, воқеъ дар кӯчаи С.Акрамов вохӯрда, бо сӯиистифода аз ҳиссиёти боварии динӣ бо охирон алоқаи ҷинсӣ намудааст. Нисбати шаҳрванд Нодиров М.М. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 142 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон