Тоҷике дар Русия ба 9,5 сол зиндон маҳкум шуд

Тоҷике дар Русия ба 9,5 сол зиндон маҳкум шуд

 Суди ноҳияи Бежитски вилояти Брянски Русия шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба муддати 9,5 сол равонаи зиндон кард.

Бино ба маълумоти прокуратураи вилояти Брянск, 11 марти соли ҷорӣ ин ҷавон ба ҳангоми фурӯши маводи мухаддир дар ҳудуди ин вилоят боздошт шудааст. Кормандони ниҳодҳои амниятии Русия аз ӯ 237 грамм маводи мухаддирро кашф ва мусодира кардаанд.

Қарор аст, ин шаҳрванди Тоҷикистон муддати ҷазоро дар маҳбаси низомаш сахт сипарӣ кунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон