Мардикорзанони Хатлон: Кӣ, кай ба доди онҳо мерасад? (Видео)

Мардикорзанони Хатлон: Кӣ, кай ба доди онҳо мерасад? (Видео)

 Дар шафати Терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар бозори ғайрирасмии занони корҷӯ ё ба ибораи маъмул бозори мардикорзанон ташкил шудааст.Наздики се сол мешавад, ки ҳамарӯза бонувони зиёде аз шаҳру ноҳияҳои атрофи Бохтар ин ҷо ҷамъ меоянд. Аксари онҳо аз шавҳарашон ҷудо шуда, дар оила дастёр надоранд ва маҷбуранд, ба чунин навъи рӯзгузаронӣ ва кори сангин таҳаммул кунанд. Аз субҳи барвақт дар канори роҳи автомобилгард нишаста, интизори нафаре ҳастанд, ки барояшон коре пайдо намояд. Он шахсоне, ки дар хона ё хоҷагиҳояшон кор доранд, бар ивази 30-60 сомонӣ аз субҳ то бегоҳ ба қавле, як ё чанд тани ин бонувонро киро мекунанд.

Масъулин меоянду мераванд, аммо чӣ суд?

Дар ин мардикорбозор мардҳо низ фаъолият мекунанд. Аммо шумораи занон бештар буда, бозори онҳо нисбатан гарм аст. Хостем бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шавем, вале аксари занон суҳбат кардан нахостанд. Онҳо мегӯянд, ҳафтае як ё ду маротиба аз идораҳои гуногун чанд намоянда наздамон меоянд. Вале бо вуҷуди ин, касе аз масъулин як макони доимӣ бароямон насохтанд, то дар тобистон аз нури тафсони офтоб ва дар зимистон аз барфу борон паноҳ барем. “Илтимос, монед мо корамонро кунем. Зиндагиямонро пеш барем…”, — гуфта аз наздамон дур мешуданд ин бонувон.    Дилафрӯз, сокини ноҳияи Хуросон аст. Ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба бозори занони корҷӯ меояд. Ӯ мегӯяд, ки бо ду фарзанд аз шавҳар ҷудо шудааст. “Шавҳарам барои фарзандон алимент намесупорад. Аз ноилоҷӣ ва тангии рӯзгор маҷбурам, ки кор кунам. Ҳолатҳое мешавад, ки пайи ҳам то 5-6 рӯз кор намеёбем. Аз субҳ то шом ягон сомонӣ даромад намешавад. Баъзан дар як рӯз аз 50 то 60 сомонӣ даромад мешавад. Лекин чунин ҳолатҳо ками дар каманд. Барои чунин маблағ ёфтан мо — занон корҳои сангинро иҷро мекунем. Илоҷи дигар нест. Парастории ду кӯдак дар ин шабурӯз барои як зан мушкил аст. Таъмини кӯдакон хароҷоти зиёд дорад. Барои ҳамин ҳар гуна кори вазнине пешниҳод шавад, қабул мекунам ва шукр саломатиам хуб аст”, — афзуд Дилафрӯз.

Маъюбӣ, кӯдаки овора…  

Ҳамсуҳбати дигари мо Зебо Обиддинова, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳар субҳ ҳамроҳи фарзанди хурсол ва шавҳари маъюбаш ба бозори занони корҷӯ меоянд. Ӯ ду фарзанд дорад ва дар як ҳавлӣ 5 оила зиндагӣ мекунанд. “Солҳои пеш шавҳарам ба  Россия мерафт. Зиндагиямон хуб буд. Баъди маъюб шуданаш маҷбур шудем, ки бо мардикорӣ рӯз гузаронем. 5 сол мешавад, ки мардикорем. Як фарзандам дар кӯдакистон аст. Аз сабаби қиматии моҳонаю маблағҳои иловагии дигар наметавонем фарзанди дуюмамонро ҳам ба кӯдакистон супорем. Маҷбурем, ки ӯро ҳамроҳи худ ба ин ҷо биёрем. Дар зери офтоби тафсон, борон ва барф кӯдак ҳамроҳи ману падараш аст. Деҳа ба деҳа ва кӯча ба кӯча ҳамроҳи мо саргардон аст. Касе нест, ки нигоҳубинашро ба уҳда гирад”, — бо ашки қатор гуфт ин зани талхии рӯзгорро зиёд чашида.

Зебо чор маротиба ҷарроҳӣ шудааст, вале бо ин вуҷуд, гоҳо пешниҳоди кори вазнину сангинро ба хотири маблағ рад намекунад.

Чорасозон бечораанд?

Ба иттилои Зиёдалӣ Саидзода, муовини сардори Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон,  ниҳоди онҳо якҷо бо идораҳои дахлдор бо мақсади ба шуғл таъмин кардан як маротиба дар мардикорбозор ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронид.

– Дар ин ярмарка 450 ҷойи холии кор пешниҳоди корҷӯён гардид, — мегӯяд ӯ. — Танҳо чанд мард аз ноҳияи Кӯшониён бо кор таъмин шуданд ва 20 зан барои фарогирӣ ба касбомӯзӣ номнавис шуданд. Занони номнависшуда бо мақсади аз даст надодани мавсими кори саҳро ва таъмини зиндагӣ дар курсҳои омӯзишӣ иштирок карда натавонистанд. Хоҳиш карданд, ки онро ба вақти дигар гузорем.

Ба андешаи ин шахси масъул, сабаби ба курсҳои омӯзишӣ кам таваҷҷуҳ кардани корҷӯён дар он аст, ки ба онҳо дар давраи омӯзиш дар як моҳ ҳамагӣ 55 сомонӣ пардохт мешавад, ки ин маблағ на ба роҳпулӣ ва на ба масрафи дигари рӯзгор намерасад. Мушкилии дигар надоштани маълумоти миёнаи умумӣ ва олӣ мебошад.

 Дар ҳамин ҳол Ҷамила Ҷӯрахонова, сокини ноҳияи Кӯшониён, чунин иддао дорад: “Ба ман ҳамчун кӯчарӯб кор пешниҳод шуд. Кор соати 4-и субҳ оғоз мешавад. Қабул накардам. Зеро кӯдаки хурдсол дорам, ки ӯро ҳар субҳ ба кӯдакистон мебарам. Маош ҳам кам буд. Каме бештар аз 500 сомонӣ. Охир дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунам ва ин маблағ ба иҷорапулӣ намерасад”.

Раҳимзода: “Мо фақат назорат мекунем”

Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон гуфт, ки бо кор таъмин кардани занони корҷӯ вазифаи асосии мақомоти маҳаллист. “Заноне, ки ба мардикорӣ машғуланд, асосан сокинони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Хуросон ва Кӯшониёнанд. Ман бо муовинони идеологии раисони ин шаҳру навоҳӣ дар ин масъала суҳбат кардам. Ва онҳо ба занон чанд ҷойи кор пешниҳод карданд. Вале бинобар камии маош корро қабул накарданд”, — гуфт Р. Раҳмизода ва илова кард, ки ниҳоди онҳо ҳеҷ касро бо ҷойи кор таъмин карда наметавонад. “Мо фақат назорат мекунем”, — таъкид кард вай.    Барои бо кори доимӣ таъмин кардани бонувони корҷӯ, пеш аз ҳама, бояд ҷойҳои нави кор фароҳам овард, ки ин бе ҷалби соҳибкорон имконпазир нест. Баъдан, мебояд онҳоро ба касбомӯзӣ фаро гирифт ва дар баробари омӯзиш барояшон кори мавсимие пайдо кард, ки каме маблағ ба даст оварда, зиндагиро пеш баранд. Сониян, масъулини мақомоти маҳаллӣ ва идораву раёсатҳои дахлдорро зарур аст, ки барои мардикорбонувон як мавзеи баҳамоии доимии дорои шароити мусоид ташкил кунанд, то ин ки ба саломатии онҳо хавфе таҳдид накунад.  Масъулин чӣ назар доранд?

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон