Агент 007 ранги пӯст ва ҷинсашро «иваз намуд»

Агент 007 ранги пӯст ва ҷинсашро «иваз намуд»

 Ба ҳайси ходими нави разведкаи Бритониё бо тахаллуси 007 ҳунарпеша Лашана Линч нақшофарӣ мекунад. Тамошобинон ӯро аз филми «Капитан Марвел» хеле хуб мешиносанд.

Хотиррасон мегардем, ки мувофиқи сужаи филм Ҷеймс Бонд дар Ямайка дар истироҳат мебошад. Ҳангоми истироҳат собиқ ҳамкоронаш аз ӯ дасти ёрӣ талаб мекунанд. Ба Бонд зарур меояд, ки як муддат истеъфояшро фаромӯш созад, то ин ки бар зидди бадкоре, ки аз технологияҳои пешрафта ва муосир мусаллаҳ аст, мубориза бурда тавонад.

Ин қисми вопасини ҳунарнамоӣ барои Дэниел Крэйг ба шумор меравад, зеро дар наворбардории охирин ҳунарманд ҷароҳати ҷиддӣ бардошта буд ва ба ӯ зарур омад, то ба ҷарроҳӣ изҳори омодагӣ намояд ва бистарӣ гардад.

Таҳиягари қисми ҷашнӣ Кэри Фукунага мебошад.

Филми “Бонд 25” моҳи апрели соли 2020 дар кинотолорҳо ба намоиш гузошта мешавад.

Агент 007 ранги пӯст ва ҷинсашро "иваз намуд" Агент 007 ранги пӯст ва ҷинсашро «иваз намуд» 25

Сарчашма: kinonews.ru

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон