Қирғизистон истеҳсоли гӯшти ҳалолро ба роҳ мемонад

Қирғизистон истеҳсоли гӯшти ҳалолро ба роҳ мемонад

 Дар Қирғизистон ба воситаи истеҳсоли гӯшт саноати ҳалолро рушд доданианд. Вазорати иқтисоди Қирғизистон ҳоло тасмим дорад, тарҳеро бо гранти Бонки исломии рушд ва Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ роҳандозӣ кунад.

Дар ин бора ҳанӯз дар моҳи апрели соли равон созиш ҳосил шудааст ва ҳоло Вазорати иқтисоди Қирғизистон тарҳи созишномаро барои тасвиб ба порлумон пешниҳод кард.

Бар асоси созиш, барои дастгирии техникии тарҳ $380 ҳазор ҷудо хоҳад шуд, ки 280 ҳазорашро Бонки исломии рушд ва боқиро Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ медиҳад.

Ба иттилои Вазорати иқтисоди Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир расман 296 корхонаи истеҳсоли гӯшт ба қайд гирифта шудааст, ки 90%-ашон корхонаҳои хурданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон