Дар Узбекистон зане, ки шавҳараш бо "арматура" зада буд, дар беморхона ҷон дод

Дар Узбекистон зане, ки шавҳараш бо "арматура" зада буд, дар беморхона ҷон дод

 Сокини вилояти Сурхандарёи Узбекистон Мақсуда Алимардонова, ки аз сӯи шавҳараш шадидан латтукӯб ва дар беморхона бистарӣ шуда буд, даргузашт.

Наздикони зан гуфтанд, Алимардоноваи 32-соларо шавҳараш дар ҳолати мастӣ бо "арматура" бар сару рӯяш зада, шадидан латту кӯб карда буд.

Алимардонова 9-уми июл бо захмҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфта, як рӯз пас ҷон бохтааст. Нисбати шавҳараш парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳоло ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи Зиёда Мелиқулова, модари Алимардонова, домодаш духтари ӯро пайваста латту кӯб мекард. "Дар даҳ соли зиндагияшон 38 бор ҷангу ҷанҷол кардаанд. Ҳар боре ки домоду духтарам ҷанг мекарданд, намояндагони Кумитаи занон онҳоро дубора оштӣ медоданд. Вале кор дар ниҳоят бо фоҷеа анҷомид",-афзуд.

Мақсуда Алимардонова ду фарзанд - 9-сола ва 5-сола дошт ва ҳоло ба шавҳараш аз 3 то ба 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон