Силсилақаллобиҳои беҳисоб аз ҷониби як нафар

 Ба мақомоти милитсия марди 50-солаи сокини пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2013, дар кӯчаи Назаршоеви шаҳри Душанбе марди 32-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои фурӯш 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус-РХ 400”-ро ба маблағи 30.000-доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 

Худи ӯ бо ҳамин роҳ ба боварии марди номбурда даромада, аз ӯ барои фурӯш 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 10.000-доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 
Айни замон нафари тақаллубкор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон