Табдил додани манзили истиқоматӣ ба фоҳишахона

 Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Номбурда 5 июли соли равон, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба шаҳрвандон: марди 31-солаи сокини пойтахт ва зани 31-солаи сокини ш.Гулистон шароит муҳайё намуда, аз онҳо 250-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. 
Тафтишот муайян намуд, ки номбурда, ҳамчунин 10 июли соли 2019, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба шаҳрвандон: марди 24-солаи сокини н.Восеъ ва зани 35-солаи сокини ш.Бӯстон, шароит муҳайё намуда, аз онҳо 500-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. 
Ин далел мавриди тафтиш қарор дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон