Мақомоти қазоқ дар бораи таркиши Арис: мумкин аст, барқасдона оташ задаанд

Мақомоти қазоқ дар бораи таркиши Арис: мумкин аст, барқасдона оташ задаанд

 Мақомоти тафтишотии Қазоқистон чанд сабаби эҳтимолии рух додани таркиш дар анбори муҳимоти ҷангиро дар шаҳри Ариси он кишвар, аз ҷумла, хунукназарӣ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ, инчунин оташзании барқасдона ва ё харобкориро баррасӣ мекунанд.

Дар ин бора Нурлан Ермекбоев, вазири мудофеаи Қазоқистон рӯзи 10 июл хабар дод. "Мақомоти тафтишотӣ чанд гузинаи эҳтимолии сар задани фоҷеаро баррасӣ мекунанд. Эҳтимоли оташ задан низ ба назар гирифта шудааст", - гуфт вазир. Вай ҳамчунин афзуд, бартарафсозии оқибатҳои таркиш ҳадди ақал як моҳи дигар идома мекунад.

Муҳимоти ҷангӣ дар анбор субҳи 24 июн таркиданд. Ду низомӣ ва як сокини осоишта дар таркиш кушта шуд. Бештар аз 400 каси дигар барои дарёфти ёрии тиббӣ муроҷиат карданд.

Барқарорсозии шаҳр, ки 85 дарсади манзилҳояш хароб шудаанд, ба гуфтаи мақомот, даҳҳо миллион доллар харҷ хоҳад дошт.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон