Гумонбари таркиш дар метрои Петербург: "Ман намедонам, гексоген чист!"

Гумонбари таркиш дар метрои Петербург: "Ман намедонам, гексоген чист!"

 Баҳром Эргашев, яке аз гумонбаршудагони таркиш дар метрои Петербург дар додгоҳ изҳор дошт, ки маводи таркандаро кормандони полис ба кулбораш андохтанд. Полис инро рад мекунад.

Баҳром Эргашев, дар Додгоҳи низомии ҳавзаи Ленинград гуфт, маводи таркандаро яке аз кормандони полис ҳангоми боздошти ӯ ба кулбораш ҷой кардаанд ва ӯ аслан чӣ будани гексогенро намедонад.

Ҳангоми сухан дар муҳокимаи парвандаи ҳамлаи террористӣ Баҳром Эргашев нақл кард, ки баъд аз боздошт ӯ ва чанд нафари дигарро ба Кумитаи тафтишотии Русия бурданд. Дар он ҷо ҳамаи чизу амволи онҳоро гирифтанд, аммо ба кулбори ӯ якбастаи номаълумеро ҷой карданд. Вақте ки ӯ аз кормандони полис пурсидааст, ки барои чӣ ин корро мекунанд, барояш гуфтаанд, ки кордор набошад, зеро ин ба ӯ дахл надорад. Айбдоршаванда бар ин аст, ки он гоҳ ба кулбори ашёи шахсии ӯ маводи тарканда ҳармроҳ кардаанд.

"Ман дар сохтмон кор мекунам ва чӣ будани гексогенро намедонам! - хулоса кард Эргашев. - Ман физика и кимиёро намедонам, ки ин чизҳоро фаҳмам".

Ҳамлаи террорситӣ дар метрои Петербург рӯзи 3 апрели соли 2017 дар яке аз вагонҳо ҳангоми ҳаракати он дар байни истгоҳҳои "Майдони Сенная" ва "Донишкадаи Технологӣ" ба вуқуъ пайваст. Дар натиҷаи он 16 нафар кушта ва зиёда аз 100 тани дигар захмӣ шуданд.

Бино бар натиҷагирии тафтишот таркишро террористи маргталаб, шаҳрванди 22-солаи қирғизтабори Русия Акбарҷон Ҷалилов анҷом дод. Ба сурати умум бино бар тафтишот, 11 нафар боздошт шуданд. Ҳамаи онҳо, гуфта мешавад, ба як гуруҳи тундрави исломӣ пайванд доранд ва бо ин ё он роҳ ба амалӣ шудани тарҳи таркиш кумак кардаанд.

Муфаттишон мегӯянд, гумонбаршудагон бо ҳам шиносоӣ надоштанд ва робита байни онҳо бо истифода аз "василаҳои муосири иртибототӣ" ҷараён мегирифт. Аммо ошкор ва боздошт кардани онҳо тавассути пайгард ва таҳлили ин равобит имконпазир гашт.

Дар айни ҳол ҳеч яке аз боздоштшудаҳо худро дар таркиши метро гунаҳкор намешуморад. Ба камияш се нафари онҳо аз шиканҷа шуданашон бо мақсади иқрори маҷбурӣ шикоят кардаанд.

Бародарон Акрам ва Аброр Азимовҳо, ки тафтишот онҳоро тарҳрези ҳамлаи метро медонад, гуфтанд, ки то "боздошти расмӣ" дар зиндони махфии Хадамоти амнияти Русия шиканҷа шуданд.

Иттиҳоми Кумитаи федеролии тафтишот дар робита шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Баҳром Эргашев, Иброҳимҷон Эрматов ва Маҳадюсуф Мирзоалимов рӯзи 11 май эълон шуд. Онҳоро ба терроризм айбдор карданд.Аз соли 2017 то ҳоло дар Русия ба камияш наздики 100 нафар аз зодагони Осиёи Марказӣ бо айбномаи терроризм зиндонӣ гашта, ду амалиёти махсус чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон бе пурсиш ва исбот дар манзилҳояшон кушта шуданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон