КУШТОРИ ВАҲШИЁНАИ ҶАВОНМАРДИ ВАҲДАТӢ ДАР МАСКАВ 10.07.2019

КУШТОРИ ВАҲШИЁНАИ ҶАВОНМАРДИ ВАҲДАТӢ ДАР МАСКАВ 10.07.2019

 Дар пойтахти Русия-шаҳри Маскав боз як муҳоҷири тоҷикро бераҳмона ба ҳалокат расониданд. Муҳоҷирони меҳнатӣ барои интиқоли ҷасади ин ҷавонмарди шаҳиди тоҷик ба зодгоҳаш маблағ ҷамъ карда истодаанд. Ин ҳодисаи нохуш дирӯз дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Маскав рӯй дода, боиси марги як ҷавонмарди тоҷик гашт. Сабаби асосии моҷаро ҳанӯз маълум нест, вале шоҳидони ҳодиса мегӯянд, як марди доғистонӣ танҳо ба хотири он ки тасодуфан китфи муҳоҷири тоҷик ба китфи ӯ расидааст, бо ғазаб ба Нурулло Мирзоев дарафтода, ба дилаш корд задааст. Бар асари ин зарбаи марговар Нураллои 35-сола бо дили пурормон дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин месупорад. 
Мирзоев Нурулло Нусратуллоевич, сокини дещаи Бакарони шаҳри Ваҳдат буда, айни замон муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои интиқоли ҷасади ӯ ба Ватан маблағ ҷамъ карда истодаанд. 
Марҳум Нурулло Мирзоев падари се фарзанд буда, барои пешбурди зиндагӣ ва дарёфти ризқу рӯзии аҳли хонаводааш ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд, аммо дар мулки ғурбат ба сахтӣ кушта шуда, ҳамсару бачаҳояш бе саробон монданд. Пайвандони ин ҷавонмарди шаҳиди тоҷик бо чашми гирён интизори овардани тобути хунини ӯ ба хона мебошанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон