ДАҲШАТ! Анҷелина Ҷолӣ ба «ҳайвони калони шохдор» табдил ёфт — ВИДЕО

ДАҲШАТ! Анҷелина Ҷолӣ ба «ҳайвони калони шохдор» табдил ёфт — ВИДЕО

 Дар филми тахайюлӣ ва саргузаштии «Малефисента: Владычица тьмы» на танҳо муборизаи ду зани боқувват – Малефисента (дар ҳунарнамоии Анҷелина Ҷолӣ) ва малика Ингрид (бо бозидани Мишел Пфайффер) дида мешавад, балки бар замми ин густариши муқаррарии ҷаҳон аз мадди назар дур намеистад. Тамошобинон мебинанд, ки аз қабилаи шохдору пардор танҳо Малефисента намондааст. Балки дигар намояндагони он низ боқӣ мондааст.

Шоҳзода Аврора, ки қаҳрамони асосии филм аст ва офарандаи он Эл Фаннинг мебошад, дӯстдоштаи деринтизорашро меёбад ва барои ҳаёти мустақилонаву хушбахтии бардавоми худ омода аст. Вале, мутаассифона, дар ин миён Малефисента зидди муҳаббати онҳо мешавад. Ӯ чунин меҳисобад, ки ишқ вуҷуд надорад ва ҳамааш худфиребдиҳӣ аст. Аврора Малефисентаро розӣ мекунад, то ин ки бо волидайни шавҳаршаванда шинос шавад, вале вохӯрӣ бебарор ба анҷом меёбад. Дар натиҷа ҷанги навбатӣ миёни одамон ва мавҷудоти афсунгар оғоз меёбад.

Коргардони филми мазкур Хоаким Роннинг буда, дар нақшҳои асосии он чеҳраҳои шинохтаи синамо Анҷелина Ҷолӣ, Эл Фаннинг ва Эд Скрейн ҳунарнамоӣ намудаанд.

Сарчашма: kinopoisk.ru

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон