Ҷет Лӣ ва Доннӣ Йен ҳамроҳ дар як филм нақш офариданд (ВИДЕО)

Ҷет Лӣ ва Доннӣ Йен ҳамроҳ дар як филм нақш офариданд (ВИДЕО)

 Студияи Disney анонси филми «Мулан»-ро аллакай дар шабакаҳои интернетӣ нашр кард.

Филми аниматсионии мазкур аввалин маротиба соли 1998 ба намоиш гузошта шуда буд ва танҳо аз намоиши кинотолорҳо 304 млн долларро ба хазинаи худ ворид намуд. Мавзӯи меҳварии филм ҳаводиси ҳуҷуми қабилаи гунн ба Синро дар бар мегирад. Мулан қаҳрамони асосии филм, ҷавондухтаре мебошад, ки либоси мардона пӯшида силоҳ ба даст мегирад ва ба лашкар ҳамроҳ шуда ба майдони муҳориба мебарояд.

Дар ролики филм дида мешавад, ки оилаи Мулан ӯро ба маросими хонадоршавияш омода месозанд. Духтар ваъда медиҳад, ки ба наздиконаш обрӯву эътибор меорад. «Оромтабиат, нафис, зебо ва боинтизом — ин ҳама хислатҳои зани отифа аст, ки дар Мулан мебинем».

Филми бадеии «Мулан» дар таҳияи коргардон Ники Каро рӯйи пардаи синамо омадааст. Нақши марказии филм Муланро ҳунарпешаи муваффақи чинӣ Лю Ифэй офаридааст. Нақшҳои лаҳзавиро Ҷет Лӣ, Доннӣ Йен ва дигарон бозидаанд.

Нахустнамоиши филми «Мулан» рӯзи 25 марти соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Сарчашма: kinopoisk.ru

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон