Алишер Усмонов филм ба навор гирифт (ВИДЕО)

 Алишер Усмонов филм ба навор гирифт (ВИДЕО)

 Порчае аз филми саргузаштии «Лев Яшин. Вратарь моей мечты» ба Интернет роҳ ёфт.

Гуфта мешавад, ки тасвири мазкур дар ҳамбастагӣ бо Вазорати фарҳанг ва кумаки соҳибкори узбеки муқими Русия — Алишер Усмонов рӯи навор омадааст.

Филми коргардон Василий Чигинский дар бораи ҳаёт ва фаъолияти дарвозабони афсонавии дастаи «Динамо» Лев Яшин нақл мекунад, ки барои чолокиву зудҳаракатӣ ва назари касбӣ дар майдон ӯро Анкабути Сиёҳ, Пантераи Сиёҳ ва ҳатто Ҳаштпои Сиёҳ ном гузоштанд.

Дастаи яккачини ИҶШС (СССР) дар солҳои 1950-1960 ба туфайли Яшин ҷоизаҳои зиёдеро дар риштаи футбол ба даст овард. Ба ҳамин тартиб ҳангоми чемпионати ҷаҳон, ки дар Чилӣ баргузор шуда буд, хатое сар зад, ки мухлисони Яшинро ба ваҷд овард. Ӯ варзишро ба як сӯ гузошт, вале баъдтар ба дунёи футбол бозгашт ва дубора бозигари беҳтарини дунё ва дарвозабони ягона дар таърихи футбол гардид, ки ба ҷоизаи “Туби тиллоӣ” даст ёфт.

Сарчашма: kinopoisk.ru

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон