Ледӣ Гага дар қисми сеюми «Стража Галактики» нақш меофарад

Ледӣ Гага дар қисми сеюми «Стража Галактики» нақш меофарад

 Ба иттилои сарчашмаҳо, студияи Marvel ба овозхони маъруфи амрикоӣ Ледӣ Гага пешниҳоди ҳунарнамоӣ дар яке аз нақшҳои марказии филми «Нигаҳбонони Каҳкашон 3» (Стража Галактики 3) намудааст. Фарз карда мешавад, ки ӯ ба Лиллу — дӯстдоштаи Ракет (Брэдлӣ Купер) овоз медиҳад.

Пештар иттилоъ дода шуд, ки дар қисми сеюми филм якчанд қаҳрамонҳои класикии нави комиксҳо ҳамроҳ карда мешавад.

Мувофиқи комиксҳо, Лиллу, ба монанди Ракета, аҳли Покимир аст, ки ба шоҳаншоҳии (империяи) бозичагии Mayhem Mekaniks роҳбарӣ менамуд. Вай бо Ракета ҳангоми Ҷангҳои бозичагӣ, ки якчанд ширкат муборизаи ҳақиқиро барои идора намудани бозори савдо ташкил намуда буданд, шинос шудааст.

Бояд хотиррасон гашт, ки маълумоти пешниҳодгардида расман тасдиқ карда нашудааст. Вале ба ҳар ҳол Flim Updates бисёр вақтҳо дар бораи лоиҳаҳои студияи Marvel рост мегӯяд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон