«Форсаж 9» ба Интернет роҳ ёфт (ВИДЕО)

 «Форсаж 9» ба Интернет роҳ ёфт (ВИДЕО)

 Коргардон ва ҳунарпешаи саршиноси амрикоӣ Вин Дизел дар шабакаи Instagram бо нашри навори кӯтоҳи видеоӣ аз саҳнаи синамо аз шурӯъ шудани рӯзи аввали наворбардории филми ҷангии «Форсаж 9» хабар дод. Ҳунарманд дар навори мазкур бо ҳамроҳии Мишел Родригес дар ҳайрат ва хушҳол ҳастанд, ки дар қисми нуҳуми ин лоиҳа нақш мебозанд ва ба студияи Universal ва тамоми мухлисони худ барои дастгирияшон сипосгузорӣ мекунад.

 

Ҷастин Лин — таҳиягари чор қисми ин шоҳкорӣ пас аз танаффуси кӯтоҳ ба ҳайси коргардон ба тасвири мазкур баргашт. Ӯ ҳамчунин бо нашри як сурат аз рӯзи аввали наворбардорӣ дар Twitter, мухлисону ҳаводорони филмро шоду хурсанд намуд. Лин эҳсосоти худро чунин ифода намудааст: «Худамро дар хона ҳис мекунам».

Дар бораи сужаи «Форсаж 9» ҳоло маълумоте дастрас нагардидааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон